Тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 185 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 23 ҳазор тонна ё худ 15% зиёдтар аст. Тайи солҳои ахир гази моеъ ба сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 30,5 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳи июли соли гузашта 9,1 ҳазор тонна бештар мебошад.

Тоҷикистон маъмулан гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон гази моеъ ҳамчунин аз Русия ва Туркманистон низ ворид карда мешавад.

Аксарият тамоили коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва афзоиши воридоти гази моеъ ба ҷумҳуриро ба арзиши он нисбат медиҳанд, зеро дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ қариб се маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) фурӯхта мешавад.

Дар ин робита айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта - 40%) бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тайи се соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 2,6 маротиба - аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 295 ҳазор тонна дар соли 2014 афзуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба  тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015  ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.