Дар доираи сафари ҳайати тиҷоратӣ иборат аз соҳибкорони муваффақи Шоҳигарии Нидерланд ба Тоҷикистон рӯзи 1 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Голландия доир мегардад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳамоиш бо ташаббуси Палатаи мазкур ва сафорати Голландия дар Алмаато (Қазоқистон) бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳадафи аслии чорабинӣ рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Голландия дар бахшҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла, чорводорӣ, истеҳсоли шир, паррандапарварӣ, сабзавоткорӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (гармхонаҳо), ба Тоҷикистон ворид намудани технологияҳои муосири ин соҳа, ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахши кишоварзӣ, дарёфти шарикони имконпазири тиҷоратӣ, имзои қарордодҳои тиҷоратӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ унвон мешавад.
Гуфта мешавад, дар кори ҳамоиши тиҷоратӣ ҳамчунин намояндагони Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки қарздиҳӣ ва рушди Олмон (KFW) ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ низ ширкат меварзанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста