Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тариқи озмун мутахассисони варзидаро ба кор қабул мекунад.

Дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла дар Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ, Шуъбаи ҳуқуқ, Бахши харид Озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар Озмун мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ, иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, ҳисобдорӣ, аудит, омор, ҳуқуқ, инчунин хатмкардагони мактабҳои олӣ бо ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Муносибатҳои байналхалқӣ”, “Ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Барномасозӣ”, ки забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русиро хуб медонанд, даъват карда мешаванд.

Маълумоти муфассал оид ба номгӯи вазифаҳои холӣ рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи бонк - www.nbt.tj нашр мешавад.

Қаблан БМТ дар бораи  ихтисори 200 нафар кормандонаш  бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк хабар дода буд.

Тағйирот дар фаъолияти БМТ баъди сари мансаб омадани раҳбарияти нави бонк шурӯъ шуд. Он замон раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов ва ҳамаи муовинони ӯ аз мансаб сабукдӯш гардида, собиқ раиси «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ, собиқи муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиевмуовини аввали раиси БМТ таъин карда шуданд.