Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ оид ба сарфакорона ва мувофиқи мақсад истифода шудани воситаҳои буҷет тадбирҳои зарурӣ рӯи кор гиранд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳукумат ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки танзиму назорати хароҷоти воситаҳои буҷети давлатиро таҳти таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор диҳанд.

Дар протоколи ҷаласаи ҳукумат супориш дода мешавад, ки барои таъмини хароҷоти мақсадноки воситаҳои буҷети давлатӣ ва пешгирии хароҷоти дауюмдараҷа тадриҷан тадбирҳо андешида шаванд. Ҳукумат аз ҷумла истифодаи автомашинаҳои хизматиро ҳам ба хароҷоти дуюмдараҷа мансуб медонад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ уҳдадор шудаанд, ки аз натиҷаи иҷрои ин дастурҳо гузориш диҳанд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, тӯли 7 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии кишвар 8 млрд. 184,5 млн. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Ба истилоҳи дигар, дар ин давра ба буҷет тақрибан 300 млн. сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6 млрд. 161,4 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 664,9 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 12,1% афзудааст.