Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор медорад, ки вазъ дар бозори асъори ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дошта, барои ташвиш ҳеҷ сабабу омиле вуҷуд надорад.
Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ изҳор мегардад, ки БМТ дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шуъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъоро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад.
Қайд мешавад, ки ахири ҳафтаи гузашта сомонаҳои иттилоотии ҷумҳурӣ бе таҳлили амиқ ва муқоисаи рақаму нишондиҳандаҳои иқтисодӣ гузоришҳое ба нашр расонида истодаанд, ки дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз поин рафтани қурби пули миллии он, гӯё дар бозори асъори нақди ҷумҳурии мо ба истилоҳ “асабоният” ва “нофаҳмиҳо” ба миён омадааст.
«Қабл аз ҳама, бояд қайд намоем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд», - омадааст дар изҳорот.
Таъкид мешавад, ки дар рӯзҳои охир вазъи қурби юани Хитой, рубли русӣ ва бархе аз асъорҳои дигари дунё ба тағйироту лаппишҳои бозори асъор рӯ ба рӯ шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо паст шуданд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Қазоқистон истисно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт.
Бино ба маълумоти БМТ, айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо фаъолият доранд ва ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд.
«Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бозори ғайринақдии асъорро дар айни ҳол пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботҳои асъории худро қонеъ гардонанд», - зикр мегардад дар изҳорот.
Гузашта аз ин, қайд мекунанд дар БМТ, созишномае, ки дар назар аст БМТ бо Бонки халқии Хитой оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо расонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад.
«Бо боварӣ метавон гуфт, ки сатҳи муътадили захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ва имкониятҳои васеъи бонк, ки дар ҷодаи ҷалби маблағҳо ва сармоя аз шарикони байналмилалӣ дорад, ба пешбурди сиёсати мустақили қурбиву монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамоянд», - изҳор мекунанд дар БМТ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста