Мақомоти марбут ба алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Эрон оид ба афзоиши шумори парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои кишварҳо ба мувофиқа расиданд.
Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон миёни мақомотҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва авиатсияи граждании Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ёддошт ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи ин санад, акнун вобаста ба мавҷуд будани мусофирон, ҳар ҳафта миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон даҳ парвози ҳавопаймоҳо сурат мегирад.
Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайрҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва «Осмон Эйр» ва «Меҳан Эйр»-и Эрон анҷом дода мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, айни замон миёни Тоҷикистону Эрон ду хатсайри ҳавоии мунтазам амал мекунад. Рӯзи якшанбеи ҳар ҳафта ширкати «Тоҷик Эйр» парвоз тариқи хатсайри Душанбе - Теҳрон - Душанбе ва рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта ширкати «Осмон Эйр» парвоз тавассути хатсайри Машҳад - Душанбе - Машҳадро ба иҷро мерасонанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста