Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 25 август бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд.
Бино ба маълумоти котиботи нахуствазир, Қоҳир Расулзода ба вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст, ки дар бораи таъсиси комиссияи доимо амалкунандаи назди ҳукумат оид ба мусоидат ба истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ хулосаҳои асоснок омода кунанд.
Нахуствазир тақозо намудааст, ки дастурҳо аз паёми президент ба парлумон аз 23 январи соли равон дар самти мусоидат ба истеҳсоли молу маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ бояд бечуну чаро иҷро шаванд.
Ғайр аз ин, бо назардошти вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ, ноустувории вазъ дар бозорҳои ҷаҳонии молӣ ва ашёи хом ва ҳамчунин дигар омилҳое, ки ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонанд, нахуствазир дастур додааст, ки барои ҳимоя аз иқтисоли миллӣ тадбирҳои таъҷилӣ рӯйи кор гирифта шаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста