Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо намояндагони Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC), Корпоратсияи NEC (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, OGAWA Seiki Co., LTD (Ҷопон) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва INVERSON TECHNOLOGIES SA (Швейтсария) дар Тоҷикистонмасъалаҳо оид ба маблағгузории лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохторҳои Тоҷикистон бо ҷалби грантҳо, қарзҳои дарозмуддат ва сармоягузории Бонки давлатии Ҷопон ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, намояндаи Ширкати NEC Ҷопон дар ҷараёни вохӯрӣ иброз дошт, ки минбаъд бо мақсади маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ният доранд ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро миёни Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JBIC) ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон моҳи октябри соли 1999 дар асоси якҷояшавии Бонки содиротию воридотии Ҷопон (Эксимбанк) ва Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкил шуда, муассисаи молиявӣ ба шумор меравад ва ба Ҳукумати Ҷопон тааллуқ дорад.
Ширкати NEC бошад, яке аз бузургтарин ширкатҳои дунё маҳсуб ёфта, ба истеҳсоли асбобҳои электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ машғул мебошад. Гардиши солонаи ширкати мазкур дар як сол 50 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста