Рӯзи 26 августи соли равон вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер, иқтисодчиёни ин бонк хонум Марина Баканова ва Равшан Собирзода баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла воқеаҳои охири иқтисодӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ: назаре ба масъалаҳои умумииқтисодӣ ва хавфҳо барои Тоҷикистон, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушди бахши молиявӣ ва ҳолати татбиқи пешниҳодҳои Барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ барои соли 2015, пешниҳоди кӯмаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ нисбати масъалаҳои баррасишуда, бахусус дар мавриди сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуданд. Аз ҷумла, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ қайд намуд, ки масъалаи расонидани кӯмаки техникӣ барои беҳтар кардани инфрасохтори Бонки миллии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешавад.