Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори навбатӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ итминон медиҳад, ки вазъ дар бозори асъор «таҳти назорати қатъӣ қарор дорад» ва дар ин робита изҳор менамояд, ки аз ахбору гузоришҳои бе таҳлил ва ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, ба таҳлуқа дода нашаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ду ҳафтаи охир пасту баландшавии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба назар расида, Бонки мардумии Хитой дар пасманзари сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар қурби юанро нисбат ба долл. ИМА зиёда аз 3% паст кард, ки ин дар навбати худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ вокуниши занҷириро ба миён оварда, ба афтидани нархҳо қариб дар тамоми бозорҳои фондии ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Дар маълумоти БМТ таъкид мешавад, ки Ҷумҳурии халқии Хитой аз рӯи бузургии иқтисод дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд ва дар натиҷаи сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар ва нишонаҳои юани заифшаванда ба нархи молҳо, аз ҷумла ба нархи нафт таъсир расонида, баъд аз ин, девалватсияи асъорҳои як қатор мамлакатҳои содиркунандаи нафт, бахусус Русия, Қазоқистон ва ғайра, ки бо Хитой ҳамкории зич доранд, оғоз ёфт.
Аз «душанбеи сиёҳ» (24 август) низ хотиррасон шуда, зикр мегардад, ки тайи ду ҳафтаи ахир (аз 10 то 24 августи соли 2015) беқурбшавии рубли русӣ 12%, тенгеи қазоқӣ 33%, лираи туркӣ 5%, юани чинӣ 3%, рубли белорусӣ 7%-ро ташкил намуд.
«Бо вуҷуди ҳамкориҳои зичи як қатор кишварҳои номбаршуда бо Тоҷикистон, беқурбшавии қурби бозории сомонӣ дар ин давра ба василаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ на зиёдтар аз 2,1%-ро ташкил дод», - қайд мекунанд дар БМТ.
Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 25 ва 26 август бозорҳои ҷаҳонии фондӣ ва асъорӣ динамикаи мусбӣ нишон дода, аввалин нишонаҳои беҳбудӣ ба андозаи бештар аз 3% баланд шудани индексҳои фондҳои амрикоию аврупоӣ оварда расонид, бозори Русия баъд аз тақвияти рубл ва баланд шудани нархи нефти навъи Brent каме ҷон гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин замина, баъди каме қомат рост кардани қурби асъорҳои хориҷии мамлакатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон устуворшавии қурби бозории пули миллӣ-сомонӣ (+0,7%) низ мушоҳида мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста