Бонки миллии Тоҷикистон барои густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи судманди байналхалқӣ бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, ҷиҳати рушду нумуи иқтисоди миллӣ ва низоми бонкии кишвар ҷидду ҷаҳд менамояд. Мулоқоте, ки рӯзи 27 августи соли ҷорӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо Мушовири калони Бонки осиёгии рушд (БОР) Осиё Саид Заиданшоҳ анҷом дод, аз ҷумлаи ҳамин чорабиниҳои бонк ба шумор меравад.
Бино ба иттилои хадамоти матуботи БМТ, дар ҷараёни вохӯри ҷонибҳо масъалаҳои идома додани барномаи кумаки техникии БОРдар самти пурзур намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ дар ин самт, такмил додани қонунгузорӣ, ташкили семинару машваратҳо ва истифода аз барномаҳои пешрафта дар ин ҷода ибрози назар намуданд.
Намояндаи БОР зимни баррасии масъалаҳои мулоқот қайд кард, ки Бонк аз ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд мебошад ва омодагии ташкилоти худро барои идома додани ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд
Ва дар интиҳои мулоқоти судманд ва ҷамъбасти он тарафҳо ба хулоса омаданд, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишуда дар ояндаи наздик ҳамкориро идома хоҳанд дод.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста