Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Туркия таҳти роҳбарии Салиҳ Чичек маҳсуб меёфт, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МО), ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаҳо, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба дар ин самт ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон чор минтақаи оходи иқтисодӣ - «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудааст. Ҳаҷми умумии сармояи ҷалбшуда аз ҷониби ин минтақаҳо қариб 100 млн. сомонӣ (ҳудуди 16 млн. $ тибқи қурби ҳозира) арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, то имрӯз дар се МОИ-и кишвар («Суғд», «Данғара» ва «Панҷ») 60 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 19-тои он ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ кардаанд.