Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Гурӯҳи кории Бонки Рушди Хитой дар ҳайати ҷанобон Фэн Же, Су Чунминг ва Ванг Шаонан бо муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Хитой баррасӣ шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Бонки рушди Хитой дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, махсусан энергетикӣ саҳми худро гузорад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки хизматрасон дар раванди дарёфт ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок барои маблағгузорӣ ба ҷониби Бонки Рушди Хитой кумак хоҳад кард.
Гуфта мешавад, аз ҷониби ҳайати Бонки рушди Хитой нисбати масъалаҳои баррасишуда ва ҳамкориҳои минбаъда бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагӣ изҳор карда шуд. Аз ҷумла, намояндаи Бонки рушди Хитой таъкид намуд, ки ба мақсади рушди ҳамкориҳои минбаъда охири сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Бонки номбурда ҷиҳати пешниҳод намудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Хитой ташриф меорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста