Як ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин иборат аз 4 нафар ахири ҳафтаи гузашта ба Душанбе ташриф оварданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин баррасӣ шуда, аз ҷониби ҳайати Бонки рушди Чин нисбати масъалаҳои баррасишуда ва ҳамкориҳои минбаъда бо БМТ омодагӣ изҳор карда шуд.
Гуфта мешавад, бо мақсади рушди муносибатҳо бо низомии бонкии Тоҷикистон, намояндагони Чин бо раҳбарияти бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид карда, ҳамчунин бо фаъолияти як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз наздик ошно мегардад.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои 2-4 сентябр ҳайати Бонки мардумии Чин таҳти раҳбарии раиси ин бонк Жоу Сиаочуан ба Душанбе омада, дар доираи ин сафар имзои созишнома оид ба муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чин бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) дар назар аст.
Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем, ки гуфтушунидҳо бобати аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дастрас кардани воситаҳои қарзии Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА феълан дар арафаи анҷомёбианд.
Дар Бонки миллӣ қайд карда буданд, ки ин воситаҳо ба қарзи берунии Тоҷикистон «ҳеҷ муносибате» надошта, бо кафолати давлат гирифта намешавад.
Таъкид шуд, ки муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чинро БМТ бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) ба роҳ монданист. «Воситаҳо қисм-қисм дар сурати зарурат дастрас карда мешаванд», - гуфтанд дар бонк.
Қаблан раҳбарияти Бонки киллӣ изҳор дошта буд, ки барои дастгирии қурби арзи миллӣ воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист. «Ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст», - изҳор намуда буд раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии ахири моҳи июл.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста