Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Қодири Қосим бар ин назар аст, ки то ҳол баъзе муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба такмил ниёз дорад.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодексҳои андоз, гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиии ҶТ, Қ. Қосим изҳор намуд, ки дар доираи Кодекси нави андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.
Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи Кодекси нави андоз, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуд.
Раиси Кумита хотиррасон намуд, ки дар асоси Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав номгӯи андозҳо аз 21 то 10 намуд кам карда шуда, аз 1 январи соли 2017 ба 9 намуд расонида мешавад.
Қ.Қосим ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андоз дар назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият намуда истодааст ва соҳибкорон низ метавонанд таклифу пешниҳодоти худро ба Комиссияи мазкур ба таври расмӣ пешниҳод намоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста