Сармоягузорони покистонӣ, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолии бофандагӣ бунёд мекунанд, метавонанд то 40%-и қувваи кориро аз кишвари худашон ҷалб намоянд. Дар ин бора Маъруфҷон Абдураҳмонов, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратии ҳавзаи Файсалободи музофоти Панҷоби Покистон хабар додааст .

Илова бар ин, Абдураҳмонов қайд кардааст, ки зимни воридоти таҷҳизот барои корхонаҳои бофандагӣ, ки дар ин минтақаҳо бунёд карда мешавад, сармоягузорони покистонӣ аз пардохти ҳама гуна андозҳо озод карда мешаванд.

Бино ба ,  иттилои ВАО-и Покистон, намояндаи сафорати Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар қаламрави Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ - «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудаанд.