Дар қароргоҳи муваққатии президенти Тоҷикистон дар Дяоюйтайи шаҳри Пекин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Чин Лю Шиюйро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо ин бонки бонуфузи Чин баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сол то сол муносибатҳои дӯстию ҳамкории мо сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои навро касб менамоянд ва иштироки фаъоли Бонки кишоварзии Чин дар баробари дигар ниҳодҳои молиявию иқтисодии чинӣ дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Иттилоъ дода шуд, ки Бонки кишоварзии Чин дар асоси созишнома “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз 13 сентябри соли 2014 бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ баимзорасида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла дар чаҳорчуби ҳамкорӣ бо Маркази сармоягузорӣ ҷалби мутахассисону коршиносони бахши бонкдории тоҷик дар машваратҳои омӯзишӣ дар Чин, маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва дигар тадбирҳоро амалӣ кардааст.
Инчунин Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо маркази сармоягузории Бонки кишоварзии Чин масъалаи омода намудани барномаҳоро барои маблағгузории лоиҳаҳо, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳсозии шабакаи обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав баррасӣ дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди ҳамкориҳои судманди Бонки кишоварзии Чин бо дигар бонкҳои Тоҷикистон, бахусус бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонкро зарур шумурд. Таваҷҷуҳи махсус ба содироти меваю сабзавоти хуштамъи кишвари мо, аз ҷумла гелоси Тоҷикистон ба Чин зоҳир гардид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста