Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Презденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти судманди Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекомуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ин дуюмин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки соли 1985 таъсис дода шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ филиали Ширкати ZTE таъсис ёфта буд ва баъдан ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида – Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.
Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, таҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.
Аз соли 2009 то инҷониб дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа амалӣ менамояд.
Дастгоҳи марказии Ширкат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро бо саҳмгузории ширкати ЗТИ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додаст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста