Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей”-и Чин хонум Лин Жуйтсӣ жидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамкории Хуавей бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Ғайр аз ин ширкати Хуавей дар Тоҷикистон бо воридот, сохтан ва насби шабакаҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо) ва ғайра машғул аст.
Эмомалӣ Раҳмон бинобар воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт ва ҳамчунин омода кардани мутахассисони тоҷикро барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар қароргоҳи муваққатии худ дар Пекин ҳамчунин президенти корпоратсияи Чайна Глобал Технолоҷӣ (China Global Technologi) Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Чин» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мавҷуд аст ва ҳамкорӣ бо Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ яке аз ҳадафҳои бобарор дар ин самт мебошад.
Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Ширкат корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18-декабри соли 2007 ба сохтмони корхонаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд. Ширкат корҳоро дар барқарорсозии кони Зарнисор, Пай-Булоқ, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обамбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ маишӣ ва ғайра ҷоннок намуда, мутобиқи ҳисоботҳо аз соли 2007 то 1 апрели соли 2015 ҳаҷми сармояи воридшуда аз ҷониби ҷамъият зиёда аз 121,4 млн. доллари амрикоиро ташкил намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Директори генералии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз тарафи Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут”сармоягузорӣ карда мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ “Пакрут” соли 2004 барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ ба мӯҳлати 10 сол ва соли 2011 барои ҳуқуқи истихроҷи минтақаи омӯхташудаи кон ба мӯҳлати то соли 2030 иҷозатнома дода шудааст.
Аз ҷониби Ҷамъият ба буҷаи ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2015 ба маблағи 63,7 млн. сомонӣ, андозҳои давлатӣ пардохт шудааст. Айни замон шумораи кормандон 1025 нафарро тагкил медиҳад, ки аз он 550 мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста