Миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки мардумии Чин рӯзи 3 сентябр созишнома дар бораи мубодилаи мутақобилаи асъор аз рӯи қурбҳои сабтшуда (СВОП) созишнома ба имзо расид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан зери созишнома имзо гузоштанд.
Тавре аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин санад марҳила ба марҳила (муддати се сол) аз ҷониби Бонки мардумии Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо шудани беш аз 3,1 млрд. юан (ҳудуди 500 млн. $) пешбинӣ шудааст.
Ҷалби воситаҳои Бонки мардумии Чин бо усули «своп» сурат мегирад, ки табодули бисёрмӯҳлати пардохтҳо бо асъори миллии ҳарду кишварро дар назар дорад. Воситаҳо аз рӯи зарурат қисм-қисм дастрас карда мешаванд.
Дар Бонки миллӣ ҳамчунин илова намуданд, ки воситаҳои ҷалбмешудаи ташкилотҳои қарзии Чин ба дастгирии қурби сомонӣ, тавозуни пардохтпазирии Бонки миллӣ ва ҳамчунин ҷудо кардани қарз ба тиҷорати хурду миёна тариқи бонкҳои сатҳи дуюми кишвар равона мегарданд.
Интизорӣ меравад, ки баъди дастрас шудани ин воситаҳо миёнаравии асъори сеюм зимни муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин хеле пас меравад, зеро воридкунандагони мол аз Чин ба Тоҷикистон метавонанд воситаҳои худ бо асъори миллиро бо асъори чинӣ иваз кунанд.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон як ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин иборат аз 4 нафар ба Душанбе ташриф оварданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста