Ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳо барои баргузории тендер оид ба интихоби паймонкорони фаръии сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон - Чин идома дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз корхонаи муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-и Тоҷикистону Чин, ки ба сохтмон ва истифодаи қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази мазкур машғул аст, хабар доданд.
«Ҳамаи корҳо тибқи нақша ҷараён доранд ва айни замон ба омодакунии ҳуҷҷатҳои тендерӣ машғулем, ки баъдан он ба комиссия пешниҳод мешавад», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, анҷоми тамоми корҳо оид ба интихоби паймонкорони фаръӣ барои амалисозии лоиҳа то ахири соли равон дар назар аст. Қобили зикр аст, ки қаблан оид ба интихоби паймонкорони фаръии ин лоиҳа тендери кушод эълон шуда буд.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, барои иштирок дар ин тендер аз ширкатҳои сершумор дархостҳо ворид шудаанд, ки миёни онҳо корхонаҳои ватанӣ низ ҳузур доранд.
«Аз ҷумла аз ширкатҳои Русияву Чин низ дархостҳо пешниҳод шуданд. Мо хостори онем,ки дар амалисозии чунин лоиҳаи бузург, ки азхудкунии 3,2 млрд. доллари ИМА дар он пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама ширкатҳои тоҷикистонӣ иштирок кунанд. Ҳадди ақал дар он қисмате, ки корҳои муҳандисии сатҳи баландро тақозо намекунанд», - гуфта буд қаблан ба журналистон вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода.
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. созишнома ба имзо расид. Моҳи сентябри соли гузашта маросими оғози қисмати тоҷикистонии лоиҳа баргузор шуд.
Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад. Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли 2016 ба истифода дода мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста