Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо намояндагони Бонки мардумии Чин таҳти сарварии раиси ин бонк Жоу Шиаочуан вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахши молияву бонк баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба масоили рушд ва густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳо ва фароҳам сохтани имкону шароити сармоягузорӣ барои доираҳои тиҷоратии Чин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар мулоқот «аҳамияти амалисозии барномаҳо қабулшуда ва зарурати ҳамоҳангсозии онҳо аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон бо Фонди «Роҳи Абрешим» ва Бонки кишоварзии Чин таъкид шуд».
Ҷамшед Каримзода изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳо бо Бонки мардумии Чин аз рӯи ҳама самтҳо минбаъд низ бар бар пояи созандагӣ рушду густариш хоҳад ёфт.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста