Тайи солҳои ахир тамоили коҳиши ҳаҷми кумакҳои беруна ба бахши кишоварзӣ ва обёрии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2016 уҳдадориҳои шарикон оид ба рушд дар самти кумак ба ин бахшҳо 37,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба уҳдадориҳои соли 2014 тақрибан 21% камтар аст. Соли гузашта ташкилоту созмон ва кишварҳои кумакрасон уҳдадор шуда буданд, ки ба ин бахшҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 46,7 млн. доллари ИМА кумак мекунанд, вале ҳаҷми воқеъии кумак аз рӯи натиҷаҳои сол каме бештар аз 36,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Гузашта аз ин, идома доданд дар Кумитаи мазкур, нисбат ба кумаки расонидашуда дар соли 2014 дар ҳаҷми то 17 млн. доллари ИМА, соли оянда ҳаҷми кумаки хориҷӣ метавонад ба беш аз ду маротиба коҳиш ёбад.
«Ҳам кумак дар қисмати грант ва ҳам кумак дар қисмати қарздиҳӣ дар ин самт коҳиш меёбад ва дар ҳамин ҳол, кумак ба сифати грант аз ҳаҷми кумак нисбат ба қарздиҳӣ хеле зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, соли 2014 ҳаҷми грантҳо нисбат ба ҳаҷми қарздиҳӣ қариб 5 маротиба зиёдтар аст», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, соли гузашта ҳаҷми бештари кумак ба бахши кишоварзӣ ва обёрии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ (беш аз 10 млн. $) расонида шудааст, ки 11,3% аз ҳаҷми умумии кумак ба ин бахшҳоро ташкил медиҳад.
Дар ин давра Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир ба ин бахшҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 4,1 млн., Фонди арабии рушди иқтисодии Кувайт - 3,1 млн., Бонки исломии рушд - 2,7 млн., ҳукумати Олмон - ҳудуди 2,4 млн. ва Бонки осиёгии рушд ба маблағи 2,1 млн. доллари ИМА кумак расонидаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста