Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо раиси Ассотсиатсияи ТАТСИАД (Итиҳодияи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия) Қодир Гурса ҷанбаҳои муосири рушд ва такмили минбаъдаи ҳамкории дуҷонбаи соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид гуфтааст, гуфтушунид бо намояндагони тиҷорати Туркия нишон дод, ки онҳо дарвоқеъ ҳам ба ҳамкории зич ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд.
Ӯ нақши муҳими ТАТСИАД дар рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва барои Тоҷикистон низ муҳим будани рушди минбаъда ва такмили онро таъкид доштаааст.
Дар навбати худ Қодир Гурса зикр кардааст, ки аксари ширкатҳои туркӣ ба рушд ва таҳкими робитаҳо бо сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабуку бофандагӣ, сохтмон, савдо, бахши кишоварзӣ, рушди индустрияи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо ҳавасманд мебошанд.
Ҷонибҳо оид ба роҳандозии робитаҳои доимии корӣ ва имконоти баргузории чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ тавофуқ ҳосил намуда, зарурати афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷонибаро таъкид намуданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста