Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози хатсайри сеюмро ба самти Душанбе - Алмаато эълон менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Чомон Эйр» иттилоъ доданд, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2015 парвозҳо аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Вақти парвоз аз пойтахти Тоҷикистон соати 11-35, аз Алмаато ба Душанбе соати 15-55. Тамоми парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд.

То имрӯз «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро менамояд. «Сомон Эйр» дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 мебошад.