То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон ҳудуди 780 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 77 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 27 сентнерро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, соли равон зироати ғалладона дар майдони умумии 324 ҳазор гектар кишт шудааст. «Айни замон барои ғунучини ҳосили зироати ғалладона 242 комбайн сафарбар шудааст», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти оморӣ, дар таркиби истеъмоли маводи ғизойӣ дар Тоҷикистон нон 60-65%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давраи мушкили буҳрон ҳукуматдорон борҳо аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки зироати ғалладона ва ордро ҳаддди ақал барои 2 сол захира намоянд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон мустақилона талаботи худ ба зироати ғалладона ва ордро қонеъ карда наметавонад. Ин навъи маҳсулоти ғизойӣ асосан аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, давоми 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 307 ҳазор тонна зироати ғалладона ва 58,6 ҳазор тонна  гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2014 мутаносибан 2,1% ва 28,5% камтар аст.