Роҳбари нави Маркази дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Петко Драганов ба Радиои СММ хабар додааст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти обиву энергетикӣ дар минтақа, марказ як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалиро пешниҳод кардаст.

Ӯ қайд кардааст, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти марказро бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ намудааст.

Драганов ҳамчунин зикр кардааст, ки ба ҷуз хавфи ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, дар минтақа ҳаллу фасли дигар мушкилоти умумӣ, аз қабили масоили бахши энергетика ва истифодаи муштаракаи захираҳои обӣ низ зарур аст.

«Об кофист, вале усулҳои ҳамкорӣ дар ин самтро роҳандозӣ кардан зарур аст ва Маркази СММ дар Ашқобод як қатор усулҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ барои танзими ихтилофҳо ва назарҳои гуногун дар ин масъаларо пешниҳод мекунад. Мо ҳамчунин тартиби ҳуқуқӣ барои ҳалли мушкилоти пайдомешударо низ пешниҳод кардем», - иброз доштааст вай.

Ғайр аз ин, Драганов хотиррасон кардааст, ки ихтилофҳои асосӣ дар ин самт миёни кишварҳои поёноби Амӯдарё ва Сирдарё ва Конвенсияи СММ оид ба захираҳои обии фаромарзиро баимзорасонида ва кишварҳои болооби ин дарёҳо вуҷуд доранд. «Баъзе давлатҳо барои пайвастан ба Конвенсияи танзимкунандаи истифодаи муштараки об шитоб надоранд», - таъкид доштааст ӯ.