Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ориёнкант (собиқ Қайроққум) ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро ва коришоносон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод ширкат варзиданд.

Иштирокдорони чорабинӣ натиҷаҳои кори хадамоти геологии кишварҳои узви ИДМ давоми солҳои 2014-2015 оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи пешинро баррасӣ намуда, дар бораи натоиҷи амалисозии Нақшаи корҳои муштараки кишварҳо дар доираи Шӯрои байнидавлатӣ дар давраи солҳои 2011-2015 маълумот доданд.

Ҳамчунин масоили рӯзмарраи ҳамкорӣ дар соҳаҳои омӯзиши геологии бойигариҳои зеризаминӣ ва иштироки кишварҳои узви Шӯрои байнидавлатӣ дар лоиҳаҳои байнулмилалӣ оид ба омӯзиш ва арзёбии имконоти минералӣ ва ашёи хоми минтақаҳои бузурги ҷаҳон баррасӣ шуда, имконоти захиравии обҳои зеризаминии қаламрави фаромарзии кишварҳои узви ИДМ баҳогузорӣ шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа атрофи масъалаҳои идоракунии равандҳои хатарноки экзогенӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳод, вазъи корҳо оид ба омодасозӣ ва таҳияи харитаҳои геологии бузургмиқёс (1:200 000) ва ҳамчунин ҳамгиройӣ ба лоиҳаи байнулмилалии OneGeology табодули назар сурат гирифт.

Қарор шуд, ки ҷаласаи XX ҷашнии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминии кишварҳои узви ИДМ соли оянда дар Бишкек баргузор мешавад.