Тӯли 8 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 3,2 фоиз баробар шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла нархҳо ба маводи ғизойӣ - 2,7%, маҳсулоти ғайриғизойӣ - 3,8% ва тарифҳо ба хизматгузориҳои пулакӣ - 4,3% афзудаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ-августи соли гузашта нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо 5,4% боло рафта буданд.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таваррум моҳи августи соли ҷорӣ 0,5%-ро ташкил дод. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.