Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои таҳия ва интихоби рамзи байналмилалии пули миллӣ - сомонӣ озмун эълон кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ - сомонӣ, ки аз ҷониби иштирокчиёни озмун пешниҳод мегарданд, бояд ба чанде аз талабот ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, рамз бояд инъикоскунандаи пули миллӣ буда, хотиротеро аз ёдгориҳои бостонӣ ба ёд оварад, бо рангҳои дилхоҳу ҷолиб тасвир шуда, хусусияти соф миллӣ ва дорои навгонӣ низ бошад.
Дар БМТ қайд мекунанд, ки ҳаҷми пардохти ҳаққи хизмат аз ҷониби муаллиф пешниҳод гардида, ҳаққи хизмати танҳо рамзи интихобгашта пардохт карда мешавад.
Гуфта мешавад, муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ то 30 сентябри соли 2015 муқаррар шудааст.
Қобили зикр аст, ки пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ ба ифтихори асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст. Код дар меъёри ISO 4217 - TJS. 1 сомонӣ аз 100 дирам иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуда, рубли тоҷикиро иваз намуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста