Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мувофиқи ҳуҷҷати мазкур, дар ноҳияи Ёвони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол сохта мешавад.
Ғайр аз ин, бунёди корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои семент бо иқтидори истеҳсолии 80 млн. дона дар як сол низ дар назар аст ва барои бунёди ин корхонаҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 145 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гашта, барои 800 нафар мутахассисон ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад. Дар баробари ин, дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойҳои корӣ пешбинӣ шудаанд, ки сохтмони корхонаҳои болозикр дар 1,5-2 соли оянда ба фаъолият оғоз менамоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи ин ҳуҷҷат, сармоягузор уҳдадор мебошад, ки ҷиҳати сохтмони объектҳои лоиҳавӣ ва таъмини фаъолияти корхонаҳо 90% мутахассисони маҳаллиро ҷалб карда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равона кардани кормандони маҳаллӣ ба семинару давраҳои омузишию таълимӣ ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам берун аз он чораҷӯӣ намояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста