Давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 9,2 млрд. маблағ ворид шуд, ки аз ҳаҷми пешбинишуда 4% камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба буҷети ҳудуди 400 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.
Гуфта мешавад, моҳи августи соли 2015 ба буҷети кишвар каме бештар аз 1 млрд. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи июли соли ҷорӣ 300 млн. сомонӣ ва дар муқоиса бо моҳи июни соли равон 670 млн. сомонӣ камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми аз ҳама камтарини даромад ба Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон моҳи январ (909 млн. сомонӣ) ва аз ҳама бештар - моҳи июн (1 млрд. 670 млн. сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми даромад ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 8,2 млрд. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод. Хароҷоти буҷет дар ин давра ба беш аз 7,6 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 10% бештар аст.
Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста