Дар муқоиса бо 8 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-августи соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб 19% кам шуд.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 766,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 642,3 млн. доллари ИМА камтар аст. Моҳи августи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ҳамагӣ ба 340 млн.доллари ИМА баробар шудааст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 1 млрд. 538,2 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ 614,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,2% зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти мол ба 2 млрд. 152,5 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли гузашта 23,2% камтар аст.

Аз ҷумла ҳаҷми воридоти маҳсулоти минералӣ – қариб 30%, воситахои нақлиёт – 51%, маҳсулоти саноати кимиё – 21%, чӯб ва маснӯот аз он – 25% ва маҳсулоти тайёри ғизойӣ – 10% коҳиш ёфтааст.

Давоми 8 моҳи соли равон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (730 млн. $), Қазоқистон (453 млн. $) ва Чин (427 млн. $) дониста шудаанд.