Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳудуди 100 лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ барои давраи 5 соли минбаъдаро тасдиқ намуданд, ки маблағи умумии онҳо 100 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ, дар машварати навбатии вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмон, ки рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Сиани Чин доир гардид, нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар давраи солҳои 2017-2021 дар 10 бахш тасдиқ гардид.
Гуфта мешавад, дар ин росто гурӯҳи корӣ оид ба озодсозии савдо ва платформа барои тавсеъаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар бахши тиҷорати электронӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд ва робитаҳо дар соҳаи бахши сармоягузорӣ густариш дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ кард.
Қаблан раиси Ҷумҳурии Мардумии Ҷин Си Ҷинпин изҳор дошта буд, ки кишвараш ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои узви СҲШ ҳудуди 4 ҳазор километр хатҳои роҳи оҳан ва 10 ҳазор километр роҳҳои автомобилгард сохта, ба таъсис ва пешрафти зербинои ягонаи нақлиётӣ дар минтақа мусоидат кунад.
Дар ин ҳошия вазирон дар бораи суръатбахшӣ ба амалисозии лоиҳаҳои аллакай мавҷуда ва роҳандозии қисматҳои минтақавии тадорукотӣ (логистикӣ) ва бандарҳои баҳрӣ ба мувофиқа расиданд.
Иштирокдорони машварат изҳор намуданд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, воситаҳои қарзии Чин, захираҳои Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ, Фонди Роҳи Абрешим ва Фонди ҳамкории иқтисодии Чин-Авруосиёро пурра истифода карданианд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши муомилоти иваз намудани як асъор ба асъори дигар (своп) бо мақсади пешгирии хавфҳои молиявӣ низ ба созиш расиданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста