Рӯзҳои 8-9 октябр дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000 доир мегардад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, анҷуман бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, Вазорат тасмим гирифтааст, ки ин чорабиниро дар доираи нахустин солгарди “Рӯзи Соҳибкор” таҳти сарпарастии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор намояд.

«Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ , ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад», - омадааст дар хабари Вазорат дар ин робита.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон дар доираи анҷумани мазкур гузаронидани намоиши дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар қалъаи Ҳисор пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба ин, Вазорат ҳамаи ташкилоту, муассисаҳо, ширкату ассотсиатсияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматиро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори Форум даъват менамояд», - қайд мешавад дар маълумот.