Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро расман ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 км. роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бошад, пурра чароғон карда шудааст.
Бунёди иншооти муҳими коммуникатсионӣ моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ба итмом расонида шудаанд.
Арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Бонки осиёгии рушд (БОР) амалӣ гардид.
Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 купрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нигоҳубини хуби роҳ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, то ин ки он солиёни зиёд барои мардум ҳамчун иншооти муҳим хизмат расонад.
Сарвари давлат Эмомаӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.
Дар ду шафати роҳ ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста