Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ватан» шинос шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум ташкил шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 18 гектар замин дорад, ки аз ин шумора 8 гектараш обӣ, 4 гектарро токзор ва боқимонда боғҳои донакдору тухмдор ташкил медиҳад ва дар он 18 нафар саҳмдор ҳамвора заҳмат мекашанд.
Президенти кишвар зимни боздиди худ аз заминҳои солҳои сол бекорхобидаи хоҷагӣ дидан кард, ки баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ аз нав ба гардиши кишоварзӣ даровардаю соли ҷорӣ токзори нав шинонида шуд. Барои шодоб кардани ин мавзеъ бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ пойгоҳи интиқоли оби полезӣ ва 1,5 километр қубурҳои обгузар, се километр наҳри обгузар аз нав барқарор шуда, аз баракати он мавзеъи 40 сол ташналаб шодоб гардид.
Хоҷагии деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман густурдаааст, ки дар қисми бештари заминҳо бунёди токзори замонавиро ташкил медиҳад. Дар замини мазкур гандум кишт карда мешуд, ки аз норасоии об ҳосили ночиз мегирифтанд. Соли ҷорӣ бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Аҳли заҳмат бо истифода аз ҳар як ваҷаб замини байни қатори токзорро самаранок истифода бурда, дар он 15 гектар тарбуз, 20 гектар помидору бодиринг кишт карданд, ки аз як гектари он 40-50 тонна тарбуз ва аз 20 гектар помидору бодиринг 50-60 тонна ҳосил рӯёнидаанд. То имрӯз танҳо аз ҳисоби сабзавоту полезиҳо 150 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ворид шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳанӯз ҳосил зиёд аст.
Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаб имкон даст дод, ки 100 нафар сокинони деҳаи Янгибоғи ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шудаанд, ки маоши онҳо 600 сомонро ташкил менамояд. Айни замон аз ҳосили токпарварони хоҷагӣ тоҷирони Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия харидорӣ менамоянд. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғот масъулин сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ асос гузошт. Феълан чунин сардхона дар Боғи сомон ба ҳашт адад расонида шуд. Ҳаҷми ғунҷоиши ҳар як сардхона бештар аз 50 тонна буда, бо маблағи аз 200 то 220 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад.
Хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон баробари парвариши васеъи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда машғуланд. Дар хоҷагӣ қариб 100 сар чорвои калони гуштӣ ва зиёда аз 5 ҳазор сар чорвои майда нигоҳубин карда мешавад, ки ҳамагӣ аз даромадҳои софи хоҷагӣ мебошад.
Ин хоҷагии деҳқонӣ бо бештар аз 580 гектар замин кораму боғот имрӯз зиёда аз 1100 саҳмдор дорад, ки ҳамагии онҳо қитъаи муайяни заминро ихтиёрдорӣ мекунанд. Шоликориву кишти хуроки чорво ҳам дар хоҷаги васеъ ба роҳ монда шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста