Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо ба шаҳри Алмааторо зиёд мекунад.
Бино ба маълуомти дафтари матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр», аз моҳи октябр ба самти пойтахти ҷанубии Қазоқистон як парвози иловагӣ анҷом дода мешавад.
«Акнун ширкат дар як ҳафта ду маротиба - рӯзи панҷшанбе (аз Душанбе) ва рӯзи душанбе (бо хатсайри Хуҷанд-Душанбе-Алмаато) парвозҳо ба самти Алмааторо амалӣ месозад», - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ба иттилои манбаъ, парвоз аз фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба Душанбе соати 07-00 ва аз Душанбе ба Алмаато соати 10-00 сурат гирифта, нархи билет аз Душанбе ба Алмаато - 100 евро ва аз Хуҷанд то Алмаато - 120 евроро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки анҷоми парвози нахустини иловагӣ аз Душанбе ба самти Алмаато рӯзи 5 октябр ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози хатсайри сеюмро ба самти Душанбе - Алмаато эълон карда буд . Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби ин ширкат парвозҳо аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста