- То 21 сентябри соли равон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамагӣ 139 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, - хабар додаанд ба ВАО-и Қирғизистон аз Вазорати энергетика ва саноати ин кишвар.
Қаблан аввали моҳи июн ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми то 500 млн. кВт/соат дар мавсими тобистон бо нархи 2,5 сет барои 1 киловатт ба мувофиқа расиданд.
Гуфтушунидҳои миёни Тоҷикистон Қирғизистон оид ба содироти барқ аз Тоҷикистон қариб се моҳ тӯл кашиданд.Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморида, ба нархи ҳамагӣ 2 сент (барои 1 кВт/соат) чун дар соли гузашта исрор варзида буданд.
Бино ба маълуомти ширкати «Барқи тоҷик», то аввали моҳи сентябр ба Қирғизистон ҳудуди 105 млн. кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон содирот шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар баробари Тоҷикистон нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Афғонистон низ содирот мешавад. Тӯли 8 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба ин кишвар бо нархи 3,7 сент барои 1 кВт/соат беш аз 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Моҳи июли соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 195 млн. кВт/соат нерӯи барқ (моҳи июли соли 2014 - тақрибан 168 млн. кВт/соат) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 17% зиёдтар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста