Корҳои таъмири асосии гидроагрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба итмом расид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», пас аз анҷоми таъмири асосии нақшавӣ, гидроагрегати дуюми нерӯгоҳ муваффақона бк кор дароварда шудааст.

Давомнокии умумии корҳои таъмири гидроагрегат 50 рӯзи тақвимиро ташкил додааст. Аз замони ба истифода додани нерӯгоҳ (1 июли соли 2008) агрегат беш аз 30,6 ҳазор соат кор карда, қариб 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Зикр мегардад, ки мавриди таъмир қарор гирифтани агрегати мазкур ба маҳсулнокии кори нерӯгоҳ тахсир нарасонида, ҳаҷми зарурии барқб о истифодаи се агрегати дигар истеҳсол шудааст.

Музаффар Солиев, муҳандиси пешбари яке аз шуъбаҳои нерӯгоҳ дар ин робита изҳор доштааст, ки муҳлати хизмати гидроагрегатҳо бидуни навсозӣ 30-40 сол буда, таъмири асосии нахустини агрегатҳои нерӯгоҳ баъди як соли мавриди истифода қарор гирифтани онҳо ва сипас ҳар як панҷ сол гузаронида мешавад. «Тъмири гирдроагрегатҳо на дар робита ба осеб дидану вайрон шудани онҳо, балки бо мақсади пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо гузаронида мешавад», - гуфтааст муҳандис.