Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи идомаи афзоиши устувори бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар интиҳои моҳи августи соли равон нишондиҳандаи мазкур 8 263,1 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,0 фоиз зиёд мебошад.

«Тавре таҳлилҳои таркиби бақияи пасандозҳо нишон доданд, 40,3 фоизи пасандозҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоизи пасандозҳои дигар ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Таҳлили боло бори дигар аз зиёд шудани боварии мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад», -омадааст дар маълумоти бонк.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,61 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,63 фоизи солонаро ташкил намуданд.