Яке аз ширкатҳои нафтии Қазоқистон ният дорад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ»-и Тоҷикистон корхонаи муштараки коркарди нафт созад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти МОИ «Панҷ», ҳафтаи гузашта вохӯрии раҳбарияти МОИ «Панҷ» бо намояндаи ин ширкати Қазоқистон доир гардида, дар ҷараёни он қайд шуд, ки ширкати мазкур ба таъсиси корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсоли то 120 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар ин минтақа имкон дорад.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки минбаъд маҳсулоти ин корхона ба кишвари ҳамсояи Афғонистон содирот карда хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон воқеъ буда, қаламрави он 971,8 гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми 6 моҳи соли равон дар қаламрави ин минтақа истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳои сохтмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.