Дар муқоиса бо соли 2014 соли ҷорӣ ҳаҷми уҳдадориҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон оид ба кумак баҳри рушди бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон ба андозаи 3 маротиба коҳиш ёфт.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2015 ҳаҷми уҳдадориҳои шарикони рушд оид ба кумак ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон каме бештар аз 8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон дар ҳаҷми беш аз 21,3 млн. доллари ИМА ё худ 5,4% аз ҳаҷми умумии ёрӣ ба ҷумҳурӣ кумак расонида буданд.
«Дар давраи солҳои 2002-2007 ҳаҷми кумак ба ба бахши хусусӣ ба ҳадди ниҳоии худ дар соли 2005 (15 млн. доллари ИМА) расида, солҳои минбаъда коҳиш ёфт ва соли 2007 то 2,8 млн. доллари ИМА поин рафта, шурӯъ аз соли 2008 тамоили афзоиши кумак ба бахши хусусӣ ва саноат ба мушоҳида расид», - гуфтанд дар Кумита.
Таъкид шуд, ки аз соли 2009 кумак ба бахши хусусӣ ва саноат танҳо дар шакли грантҳо сурат мегирад, ки то соли 2014 ҳаҷми онҳо ҳамасола афзоиш меёфт.
Зимнан зикр гардид, ки ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон дар ин давра нисбатан бештар Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир дар ҳаҷми беш аз 9,2 млн., ҳукумати Олмон - ҳудуди 3,4 млн. ва Итиҳоди Аврупо ба маблағи 830 ҳазор. доллари ИМА кумак расонидаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста