Филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанокро ба зимма дорад, таври мунтазам ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифтаи хизматрасонӣ вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи мазкур чорандешӣ дорад.
Дар ин раванд ҷалби мутахассисони варзида ва харидории техникаву таҷҳизоти замонавӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, баҳри ҷавобгӯйи талабот буданашон роҳбарияти филиали Ширкат аз тамоми имконот самарнок истифода намуда истодааст. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбати хеле зиёд дошта, он пеш аз ҳама ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ, тамдид намудани муҳлати истифодаи он кӯмаки амалӣ расонидааст.
Таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтид Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошанд. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур умуман баста набуд. Аз он, ки рисолати асосии филиали Ширкат дар сатҳи хуб ва сифати баланд нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе – Чанок аст, табиист, ки дар раванди фаъолият ниёз ба маводи сохтмонии бахши роҳсозӣ, аз ҷумла асфалт хеле зиёд мегардад. Зеро, сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкати фавқуззикр, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст.
Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории шоҳроҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро ҳадафи эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст. Биноан, бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, аз нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар қисмати аъзами шоҳроҳи мавриди назар таъмири куллӣ шурӯъ гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдид дар минтақаи Варзоб филиали Ширкат корхонаи истеҳсоли асфалтро мавриди истифода қарор дода буд. Гуфтан бамаврид аст, ки маҳз дар заминаи фаъолияти пурмаҳсули корхона корҳои таъмиру таҷдиди шоҳроҳи Душанбе -Чанок вусъати тоза ёфта, дар як муддати кӯтоҳ тибқи талаботи байналмилалии роҳсозӣ таъмири куллӣ (капиталӣ) гардидани шоҳроҳ аз километри 62 то километри 73 далели возеҳи гуфтаҳои боло буда метавонад. Ба таъмири капиталӣ марбут донистани корҳои сохтмонӣ ба он вобаста аст, ки дар минтақаи мавриди назар тариқи техникаи замонавӣ ва пуриқтидор асфалти осебдида ва фурӯрафта пурра рафъ гардида, ба ҷояш асфалти нав, ки истеҳсоли корхонаи хурди тобеи филиали Ширкат мебошад, ниҳода шуд.
Бо мақсади густариш бахшидани корҳои таъмиру таҷдид дар минтақаи Суғд роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифта буд, ки дар ин минтақа низ корхонаи истеҳсоли асфалтро бунёд созанд. Бо ин мақсад, моҳи июни соли равон дар ноҳияи Спитамен корҳои сохтмонӣ шурӯъ гардида буданд. Азми қавӣ ва нияти неки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар як муддати кутоҳ, яъне давоми чор моҳ корхонаи мазкур мавриди истифода қарор гирад. Корхона бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолиаш дар як соат 70 тонна асфалти хушсифатро ташкил медиҳад. Нуктаи муҳим он аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтиҳо буҷети ноҳия низ ғанитар хоҳад гашт.
Маросими ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи зикршуда санаи 29 сентябри соли равон доир гардид. Зимни ифтитоҳи корхонаи мазкур Директори филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов минҷумла зикр намуд, ки ба фаъолият оғоз намудани корхонаи истеҳсоли асфалт марҳилаи сифатан нави корҳои таъмиру таҷдиди шоҳроҳро дар минтақи Суғд ҳусни оғоз хоҳад бахшид.
«Эъмори корхонаи мазкур интиҳои иқдомоти роҳбарияти филиали Ширкат дар ин ҷода набуда, дар ояндаи наздик мо ният дорем, ки чунин корхонаро дар минтақаи Зарафшон низ мавриди истифода қарор диҳем. Зеро, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани нигоҳдории шоҳроҳ, ки рисолати филиали Ширкат маҳсуб меёбад, бидуни маводи зарурии сохтмонӣ, аз ҷумла асфалт ғайриимкон аст. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки барои аз ҷониби филиали Ширкат тибқи талабот амалӣ намудани фаъолият имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои хурди истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор муҳайё аст. Маҳз ин омилҳо замина фароҳам овардаанд, ки филиали Ширкат рисолати хешро таври бояду шояд ба ҷой оварад», - таъкид намуд Асомиддин Азизов.
Дар маҷмӯъ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, ки дар як муддати кутоҳ аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе –Чанок масъулиятшинос ва собитқадам буда, бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш бурда истодааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста