Дар рейтинги рақобатпазирии глобалии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни 140 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 80-умро касб карда, дар муқоиса бо рейтинги соли гузашта (зинаи 91-ум) мавқеъашро 11 зина беҳтар кард.

Миёни кишварҳои ИДМ Озарбойҷон бо касби зинаи 40-ум пешсафтарин дар ин рейтинг буда, Қазоқистон мақоми - 42, Русия - 45, Украина - 70, Арманистон - 82, Молдова - 84 ва Қирғизистон зинаи 102-юмро ишғол мекунанд.

Швейтсария, Сингапур, ИМА, Олмон, Нидерланд, Ҷопон ва Гонконг кишварҳои пешсафи ин рейтинг дониста шуда, Гвинея, Чад ва Мавритания дар зинаҳои охир қарор доранд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ин рейтингро бо назардошти 110 нишондиҳанда, аз ҷумла вазъи зербино, самаранокии бозори мол ва кор, сифати таълим ва тандурустӣ, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва чандин дигар нишондиҳандаҳо таҳия мекунад.