Нимаи ҳафтаи равон зимни вохӯрии раҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки осиёгии рушд (БОР) дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба кӯмаки техникӣ ба дастгирии иқтидор барои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки БОР яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба Тоҷикистон маҳсуб ёфта, то имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ тақрибан 1,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аз соли 2008 бо назардошти хатари ноустувории қарзи беруна, БОР ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт кумак мекунад.
Соли 2015 БОР ҳаҷми кумаки худ ба Тоҷикистонро наздики 20 млн. доллари ИМА зиёд карда, барномаи кумаки солонаи нақшавиро то 79 млн. доллари ИМА афзуд. Барномаи кумаки соли 2015 ба дастгирии рушди бахши хусусӣ, беҳбуди вазъ дар роҳҳои оҳан, истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамчунин беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ равона шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста