Палатаи поёнии парлумон имрӯз ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ки моҳи майи соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон қабул шудааст, маъқул шуморид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфатоҳи Ғоиб ва вакили мардумӣ Раҷабов Сафаралӣ зимни суханронии худ роҷеъ ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин конвенсия изҳор доштанд, ки мақсади таҳияи Конвенсия дар таҳрири нав ин аз соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва қоидаҳои он иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия барои ҳавасмандгардонии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ бо роҳи соддагардонӣ ва тезонидани марҳилаи ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ бе маҳдуд намудани манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар мавриди ситонидани боҷ ва андозҳо ва ҳимояи бозори дохила шароити мусоид фароҳам меорад.
«Мо ба он қисмати Конвенсия, ки масоили ташкили назорати гумрукӣ дар бандарҳои баҳрӣ ва истгоҳҳои киштиро танзим мекунад, ҳамроҳ намешавем, зеро кишвари мо роҳи баромад ба баҳрро надорад», - гуфт сардори Хадамоти гумруки ҶТ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста