Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30 сентябр аз корхонаи истеҳсоли тиллои ҶДММ «Пакрут» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат боздид намуд. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии Чин оид ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои ранга (CNG) таъсис дода шудааст.
Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхона, макони истихроҷи ашёи хом ва анбори захираи маҳсулоти тайёр аз наздик шинос шуд.
Ба нахуствазир маълумот дода шуд, ки иқтидори корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли 2 тонна тиллоро ташкил дода, дар марҳилаи дуюм аз соли 2018 иқтидори он ба истеҳсоли 4 тонна тилло дар як сол мерасад.
Тибқи нақша корхона аллакай аз охири моҳи октябр ба истеҳсоли маҳсулот оғоз мекунад. Дар ин корхона ҳудуди 1 ҳазору 300 нафар мутахассисон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд, ки 60%-ашро шаҳрвнадони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.
Нахуствазир ба масъулини вазорату идорахои дахлдори кишвар ҷиҳати саривақт ба кор даровардани корхона ва фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат барои ҳайати шахсӣ дастуру супоришҳо дод.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста