Дар назарсанҷии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) миёни аҳолии кишвар оид ба муайянкунии реҷаи қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон, беш аз 41%-и пурсидашудагон ба ҷонибдории реҷаи озод шинокунандаи арзи миллӣ (сомонӣ) овоз додаанд.
Боз ҳамин миқдор (беш аз 41%) қурби шинокунандаи танзимшавандаро, ки айни замон мавриди амал қарор дораду аз ҷониби БМТ қабул шудааст, нодуруст шуморидаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 30%-и иштирокчиёни назарсанҷӣ «реҷаи шинокунандаи танзимшаванда» ва тақрибан 18% - «реҷаи қурби муқарраршудаи асъор»-ро ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар назарпурсии БМТ қайд мешавад, ки айни замон қисме аз кишварҳо таҳти таъсири бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ пули миллии худро девалватсия карда истодаанд ва ба назари тоҷикистониён дар бораи то чӣ андоза дастгирӣ кардани девалватсияи сомонӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Аз натиҷаҳои посух ба ин савол бармеояд, ки ҳудуди 53% - «муқобил» ва беш аз 41% - «тарафдори»-и девалватсияи сомонӣ ҳастанд. Ҳамин миқдор (беш аз 41%) ба ҷонибдори қурби ягонаи арзи миллӣ - якхела кардани қурби расмӣ бо қурби бозорӣ раъй додаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар кишвар воқеъан ҳадди ақал 4 қурби пули миллӣ амал мекунад. Аз ҷумла қурби мубодилаи байнибонкӣ, қурби расмӣ, қурби бозории аз ҷониби Бонки миллӣ муқарраршуда ва ҳамчнунин қурби воқеъӣ, ки аз ҷониби бозор муайян карда мешавад. Назарпурсии БМТ феълан низ идома дорад.
Қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА имрӯз 6.4645 сомонӣ (барои 1 $), қурби бозории аз ҷониби БМТ муқаррашуда - 6.54 сомонӣ ва қурби воқеъӣ - 6,85 сомониро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста