Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) масъалаи ҷудо шудани кумаки техникӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва қурби арзи миллӣ ва ҳамчунин бахши бонкии Тоҷикистонро баррасӣ дорад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), зимни мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати бахши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мудири Амалияи глобалӣ оид ба макроиқтисодӣ ва идораи фискалӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ, Кафқоз, Русия ва Ҳавзаи Қариб хонум Мириа Пигато масъалаҳои зарурат ва талабот ба кӯмаки техникӣ, дастгирии таҳлилии низоми бонкӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ислоҳотӣ баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, нахуст муовини аввали раиси БМТ аъзои ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳониро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, буҷети ҷумҳурӣ, таваррум, дастовардҳо дар низоми бонкии кишвар, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар БМТ ошно намуда, изҳор дошт, ки дар тӯли 3-5 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон бо суръати чашмрас пеш рафт, буҷети давлатӣ бошад, чанд маротиба зиёд шуда, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон ҳамагӣ 3,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 банди фоизӣ паст аст. «Албатта, чун дар дигар давлатҳои ҷаҳон бар асари фишори буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилотҳо ба миён омадаанд ва барои рафъи онҳо моро зарур аст, ки кӯмаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем», - иброз доштааст ӯ.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мириа Пигато дар навбати худ зимни мулоқот изҳор доштааст, ки мақсади ташрифи ҳайат ҳам ба Тоҷикистон омӯхтани масъалаю мушкилоти мавҷуда, муайян намудани шартҳои зарурӣ барои пешниҳоди ёрӣ ва ташакул додани сиёсати дастгирӣ ва кӯмаки техникӣ ва бо ин васила таъмин намудани пешрафт дар иқтисодиёт мебошад. Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки ҳамкориҳои муфид ва судманд метавонанд аз тариқи барномаҳои алоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ, дастгирии қурби пули миллӣ ва бахши бонки ба роҳ монда шаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои мушаххас оид ба ҳамкориҳои тарафайн дар мулоқотҳои минбаъда бо ҳайати навбатии Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста